ДУШАНБЕ, 20 янв - Sputnik. Сармуҳаррири нашрияи ҳизбии "Ҳидоят", ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои УрОсиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим бо дастоварди нав муваффақ шуд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, адиби тоҷик ин навбат бо ҷоизаи бонуфузи "Нависандаи тилоии ҷаҳон" сазовор гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвари ҷаҳон - ИМА, Олмон, Англия, Фаронса, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст.
"Барои сазовор гардидан ба ҷоизаи мазкур он адибони боистеъдод, номдор ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки дар осори онҳо инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат – арзишҳои умумибашарие, ки халқҳоро муттаҳид месозанд, таҷассум ёфтаанд",- афзуд манбаъ.
Ин нахустин дастоварди адиби тоҷик набуда, дар гузашта ӯ аз ҷониби маъмури доираи сафирони сулҳ, шоир ва нависанда Эдвин Антонио Гаон Салинас аз Эквадор барои саҳми арзанда дар таҳкими сулҳ дар дунё тавассути шеър бо дипломи "Ситораи тило" сарфароз гардонида шуда буд.
Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин аз ҷониби президенти Форуми байналмилалии эҷодиёт ва инсонпарварии Марокаш, сафири фарҳанги сулҳ Азиз Мунтассир ва сафири фарҳанги Мексика, мудири шабакаи арабӣ дар Марокашу мушовири фарҳанги Форуми фарҳангии Миср ва Лубнон Марлен Пасинӣ бо сертификат қадрдонӣ шудааст.
Дар баробари ин шоири тоҷик аз ҷониби сафири байналхалқии Форуми байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон Ловелин П Ейо, президенти академияи "Эхо Сурия" ва Федератсияи фарҳанги Димишқ-Сурия, нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Гада Бадран бо шаҳодатномаи миннатдорӣ сарфароз шуд. Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд.
Ёдовар мешавем, то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Амрико, Непал, Чин, Руминия, Лаҳистон, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.
Пештар Абдуқаҳҳори Қосим барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ ду Ҷоизаи байналмилалии адабӣ - Ҷоизаи байналмилалии адабии "Ҷаҳони марзӣ" ва "Антуан де Сент-Экзюпери" (Фаронса - Олмон) дар соли 2021-ро соҳиб шуда буд.