Эълони нахустин зӯрозмоӣ ва рақиби Лоиқ Раҷабов дар лигаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Размикори шинохтаи тоҷик, ки охири соли гузашта ба лигаи "Eagle" FC гузашт, нахустин муҳорибаашро дар доираи ин созмон анҷом медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. "Eagle" FC бо нашри як эълон хабар дод, ки нахустин зӯрозмоии Лоиқ Раҷбов бо Зак Зейни амрикоӣ баргузор мешавад. Зейни 32-сола 15 пирӯзӣ ва 9 бохт дорад.
Ба иттилои лига, мусобиқа 28 январ дар шаҳри Майамии ИМА дар назар аст. Лигаи EFC, ки онро Ҳабиб Нурмуҳаммадов раҳбарӣ мекунад, ҳадафи баргузории мусобиқаҳо дар ИМА-ро муаррифии бошгоҳу варзишкорон дар сатҳи ҷаҳонӣ хонд.
Қаблан Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки барпо кардани мусобиқоти наву бузург дар ИМА ҳарчанд гарон аст, аммо барои роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба муаррифии бошгоҳу варзишкоронаш мусоидат хоҳад кард.
Раҷабов дар бораи шикасташ дар финали PFL ва гузаштан ба UFC
Маврид ба зикр аст, ки Раҷабов қаблан дар лигаи амрикоӣ "Professional fight league" ҳунарнамоӣ мекард. Дар он ҷо 28 октябр дар Гран-прии PFL-2021 барои як миллион доллар мубориза бурда, аз ҳарифи бразилиягиаш Рауш Манфио шикаст хӯрд. Размикори тоҷик дар доираи PFL, ки соли 2019 ба он пайваста буд, 8 рақобат гузаронда, се ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дошт. Охири соли 2021 Раҷабов хориҷшавияшро аз лигаи амрикоӣ эълон кард.
"Ба фикрам, дигар дар PFL сабқат намекунам. Ҷадвали онҳо бо рақобатҳои зуд-зуд барои бадан таъсири манфӣ дорад", - шарҳ дода буд варзишкор.
Раҷабов 31 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw машҳур аст ва дар корномаи варзишияш 20 рақобати касбӣ, 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.