Толибон пас аз ҳуҷуми ҷабҳа ба кофтукови манзилҳои панҷшериён пардохтанд

Толибон ба ҳуҷуми Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон вокуниш карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Толибон пас аз ҳуҷуми Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба кофтукови манзилҳои мардуми Панҷшер пардохтаанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegramm"-и худ бо истинод ба хабаргузории "Aamaj News" иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, пас аз ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимат ба толибон ва тарконидани мошини боркаши ҷангҷӯён толибон дар ноҳияи Руха ба ковтукови манзилҳо оғоз кардаанд.

"Ҷангҷӯён чанд ҷавонро барои бозрасии бештар бо худ бурданд", - омадааст дар хабар.

Дар баробари ин пештар хабар дода шуда буд, ки Ҷабҳаи муқовимат дар танишҳои рӯзҳои истироҳат се толибро нобуд кардааст, аммо ҷангҷӯён ин иттилоъро рад мекунанд.
Ба гузориши "8am.af", бо истинод ба манобеи маҳаллӣ, шоми якшанбе ҷабҳа ба посгоҳи марказии Мавлавӣ Ҳамдуллоҳ Муавваз дар вулусволии Баҳораки вилояти Тахор ҳамла кардаанд. Муавваз идораи истихбороти маҳаллии толибонро сарварӣ мекунад.
Ҳуҷуми Ҷабҳаи муқовимат болои толибон дар Панҷшер - видео
Гуфта мешавад, ки дар ин даргирӣ се толиб кушта ва чаҳори ҷангии дигари ин гурӯҳ маҷрӯҳ шудаанд.
Аммо шуъбаи фарҳанг ва иттилооти маҳаллии толибон иддао дорад, ки ба бинои "муовини пулис" ҳамла, норинҷаки дастсоз ба дохили он партоб шудааст, аммо касе осеб надидааст.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Ҳикматёр: Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.