Ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели ташхиси ПСР надоштани мусофирони тоҷикаш ҷарима шуд

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" аз ҷониби "Роспотребнадзор" дар вилояти Нижний Новгород барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии S7, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия теъдоди зиёди парвозҳои мунтазамро анҷом медиҳад, барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд, хабар медиҳад "НТА-Приволжье".
Маълум шуд, ки шуъбаи "Роспотребнадзор" дар вилояти Нижний Новгород "Сибир" -ро барои интиқоли мусофирон бидуни ташхиси ПСР аз Тоҷикистон ҷарима кардааст.

"Ҳангоми назорати санитарию карантинӣ дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сибир" шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ташхиси ПСР барои COVID-19 шиносоӣ шуданд", — омадааст дар хабар.

Гузашта аз ин барои ворид шудан ба ҳама гуна парвозҳо ба Федератсияи Русия аз Тоҷикистон шаҳодатномаи мавҷуд набудани коронавирус дар байни мусофирон дархост мешавад.
"Қимати билет ба Русияро фавран коҳиш диҳед" – ҷаласаи изтирории мақомоти тоҷик
Ҳоло мувофиқи қисми 1-и моддаи 144-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, ширкати ҳавопаймоии "Сибир" бояд 20 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад.
Ҷузъиёти нишасти изтирории ҳавопаймои S7 барои як тоҷикистонӣ
Дар ҳамин ҳол ширкат ба ин қарор розӣ нест. Бо вуҷуди ин пас аз чанд марҳилаи додгоҳӣ, қарори ҷарима аз тарафи "Роспотребнадзор" дар Додгоҳи ҳафтуми таҷдиди назар бетағйир боқӣ гузошта шуд.