Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад

Русия дар соли равон ният дорад, теъдоди размоишҳо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро 10 дарсад афзоиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Беш аз 900 размоиши нерӯҳо дар Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки аз калонтарин ҳавзаҳои ин кишвар мебошад, ба нақша гирифта шудааст.
Теъдоди размоишҳо дар қиёс бо соли гузашта 10 дарсад бештар мешавад, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомӣ.
"Амалиёт дар размоишгоҳҳо дар Урал, Сибир, Поволже ва пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон гузаронда мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Ба гуфтаи фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷобаҷогузории фаврии нерӯ ва ҳидояти онҳо ба самтҳои дигари стратегӣ зоҳир хоҳад шуд.
Фармондеҳии Ҳавзаи марказӣ афзуд, ки инчунин амалиёт барои қатъи даргириҳои мусаллаҳона ва "ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" тамрин хоҳанд шуд.
Толибон парвоз меомӯзанд: аввалин размоиши нерӯҳои ҳавоии Афғонистон алайҳи кӣ хоҳад буд?
Лапин размоиши муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зери унвони "Бародарии газанднопазир-2022"-ро аз ҷумлаи чорабиниҳои нисбатан бузург ном бурд.
Маврид ба зикр аст, Ҳавзаи низомии марказӣ, ки калонтарин дар Русия мебошад, дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 сабъекти Русия ҷой гирифтааст. Инчунин воҳидҳои низомӣ дар Қазоқистон, ки ситоди куллаш дар Екатеринбург мебошад, ба ин ҳавза дохил мешаванд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи дигари ин кишвар дар Қирғизистон низ ба Ҳавзаи марказии низомӣ дохиланд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.