Нерӯҳои посдори сулҳи СААД зиндаву саломат Қазоқистонро тарк карданд - видео

Нерӯҳои охирини дастаҷамъии СААД Қазоқистонро тарк карданд
Sputnik
Амният ҳангоми вуруд ва ҳаракати хурӯҷи нерӯҳои СААД аз ҷониби низомиёни Қазоқистон таъмин шуд.

"Нерӯҳои посдори сулҳи 5 кишвар аз уҳдаи вазифаҳои ба миён гузошташуда баромаданд. Ҳамзамон низомиён омодагии хуб, маҳорати касбӣ ва муташаккилиро нишон доданд", - гуфт роҳбари ин маъмурият, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия Андрей Сердюков.

Вай афзуд, алайҳи нерӯҳои посдори сулҳ ягон иғвоангезӣ роҳандозӣ нашудааст.
Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки чаҳор ҳавопаймои низомии нақлиётии охирин бо низомиёни Русия аз нерӯҳои СААД аз Қазоқистон ба ин кишвар парвоз кардааст.
Контингенти посдорони сулҳи Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон пештар ба Ватан баргаштанд.
Бозгашт ба Ватан: Пешвози нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон дар фурудгоҳ – видео
Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд.
Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта шуд.
Бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев контингенти низомии СААД ба қаламрави Қазоқистон оварда шуд.
Онҳо объектҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Қазоқистонро посбонӣ мекарданд. Хуруҷи ин нерӯҳо 13 январ оғоз ёфт.