ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бозори ҷиноии хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти ин кишварро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад.
Вай дар як ҷаласаи марбут ба масоили муҳоҷиратӣ афзуд, бархе аз муҳоҷироне, ки қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, вақте бо монеаҳои маъмурӣ рӯ ба рӯ мешаванд, маҷбур мешаванд, ба миёнаравҳои гуногун муроҷиат кунанд.
"Ҳатто шаҳрвандони хориҷие, ки қонунро риоят мекунанд ва соҳибихтисос ҳастанд, ки мо аз омадани онҳо манфиатдор ҳастем, маҷбур мешаванд, мушкили худро бо миёнаравҳо ҳал кунанд. Ин ҳамин тавр аст. Баъзан монеаҳои маъмуриро ҳал кардан хеле мушкил аст", - гуфт Медведев.
Ӯ ин бахшро "макони фасод ва сӯистифода" номид.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, ки "набудани назорат дар ин самт барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад".
Ба андешаи ӯ, шумораи муҳоҷирон дар Русия афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ барномаи ягонаи иттилоотӣ дар бораи равандҳои муҳоҷират зарур аст.
Ба гуфтаи вай, “зарурати чунин барнома ниҳоят муҳим аст”.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия аз афзоиши мавориди ҷиноят дар соли 2021 хабар дода буд. Тибқи омори ин ниҳод, он тақрибан 6 дарсад буд, ҳарчанд як сол пеш ин рақам баръакс дар ҳоли коҳишёбӣ буд.
Дар маҷмуъ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Русия 36,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки аксари ҷиноятҳо, 78,3 дарсад, яъне 28,5 ҳазор ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ содир шудааст.