Манижа чеҳраи "Equal" шуд: аксҳои ӯ Ню-Йоркро зеб медиҳанд

Бори нахуст намояндаи Русия чеҳраи чунин барномаи байналмилалӣ гардид ва ӯ ҳам як тоҷикдухтари муқими ин кишвар мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тоҷикдухтари муқими Русия Манижа Сангин чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии "Equal" интихоб шуд. То ҳол ягон бор ҳунарманде аз Русия чеҳраи ин барнома нагардида буд.
Манижа нахустин намояндаи Русия мебошад, ки сазовори он гардидааст. Ҳоло аксҳои Манижа дар лавҳаи таблиғотии Таймс-сквери Ню-Йорк пайдо шудаанд.
Зимнан Рустам Киреев, сардори шуъбаи кор бо лейблҳо ва ҳунармандони "Spotify" дар Русия дар робита ба интихоб шудани Манижа ҳамчун чеҳраи "Equal" зирк намуд, ки интихоби ин ҳунарманд қарори муштараки кормандони "Spotify" аст, ки дар лоиҳаи "Equal" дар саросари ҷаҳон кор мекунанд.

"Суруди Манижа "Now or Never" аз ҷониби ҳамкасбони хориҷии мо баҳои баланд дода шуд ва тамоми кишварҳое, ки ин барнома дар он ҷо вуҷуд дорад, ба ҳунари Манижа баҳои мусбат доданд", - афзуд Киреев.

Ёдовар мешавем, Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни "Eurovision - 2021" намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.
Вай бо таронаи "Russian Woman" баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги ин кишвар муттаҳам карданд.
Манижа дар Тоҷикистон чеҳраи сол интихоб шуд
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон зимни як назарпурсие, ки ҳафтаномаи "Ҷумҳурият" доир намуд, Манижа Сангин "Чеҳраи сол" интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ин овозхон 3612 нафар раъй дод.