Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми беш аз 10 миллиард сомонӣ дар Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки умури саноати вилоят соли гузашта ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ тавлидот доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардаанд, ки саноатчиёни вилоят соли гузашта ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,4 миллиард сомонӣ бештар мебошад.
“Ин ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор, бунёду навсозии корхонаву коргоҳҳои саноатӣ мусоидат кард”, - таъкид доштаанд масъулини вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи мақомот, соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии беш аз 60 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 1687 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Гуфта мешавад, дар ин давра 86 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ (145 дарсади нақшаи солона) бо фарогирии 1146 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 11, Данғара 9, Фархор 7, Бохтар, Кӯлоб ва Хуросон 5-тоӣ, Норак, Темурмалик, Восеъ, Дӯстӣ 4-ададӣ, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 3-ададӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён 2-ададӣ, Ҷайҳун, Вахш, Муъминобод ва Носири Хусрав 1 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар робита ба тавлиди хӯрокворӣ, насоҷҷӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият шуруъ кард.
Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба Афғонистону Ӯзбекистон
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба вилоят 21 корхонаву коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ховалинг, Данғара, Муъминобод, Фархор, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон, Темурмалик ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба истифода додааст.
Тадбирҳои андешидшуда имкон доданд, ки соли сипаришуда дар заминаи 34 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда 13 корхона, аз ҷумла корхонаҳои “Дилкушо”-и ноҳияи Муъминобод, “Бофандаи Норак”-и шаҳри Норак, “Оби қадр”, “Сомон ҒМ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Қутайба”-и ноҳияи Кӯшониён, “Самар”-и ноҳияи Восеъ, “Мухтор С”, “Адолат-А”, “Меҳроб - А”-и ноҳияи Фархор, “Чарми Осиё”-и ноҳияи Данғара, “Бобои Абдураҳим”-и ноҳияи Хуросон ва “Назирӣ”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иваз кардани ном ва бо додани иҷора фаъолияташро ба роҳ монд.
Зиёдшавии саноати истихроҷи маъдан (106,9 дарсад), нафти хом ва дигар маводи энергетикӣ, ғайриэнергетикӣ, филизӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, саноати коркард (124,6 дарсад), истеҳсоли маҳсулоти хӯрокӣ, нӯшокиҳо, насоҷҷӣ, дӯзандагӣ, маҳсулоти чармӣ ва пойафзол, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин, маҳсулоти нафтӣ, кимиёӣ, фармасевтӣ, маснуоти резинӣ ва пластмасӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маҳсулоти тайёри филизӣ ва таҷҳизот, металлургӣ, таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли дигар маҳсулоти нақлиётӣ, маҳсулоти мебелӣ, таъмир ва насби дигар намуди таҷҳизот, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ (108,1 дарсад), аз ҷумла истеҳсоли нерӯи барқ ва тақсимоти он дар рушди соҳа замина фароҳам овард, гуфтааст манбаъ.
Мақомоти Хатлон шумори занону мардони муҳоҷири ин вилоятро расонаӣ карданд
Соли сипаришуда маҳсулоти саноатӣ ба 222 номгӯ расид.
Қайд мешавад, ки корхонаҳои нассоҷии вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 2 миллиарду 390,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш зиёд мебошад.
Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо дар вилоят нисбат ба як соли пеш 132,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки истеҳсоли нерӯи барқ нисбат ба соли пеш 654,5 миллион кВт-соат афзоиш ёфт.