Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Гинсбург гурӯҳи одамонеро ном бурд, ки умуман ба омикрон гирифтор намешаванд

Одамоне, ки масунияти заиф доранд, ҳангоми мубтало шудан бо штамми омикрон метавонанд шадидан бемор шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Штамми омикрони коронавирусро як варианти осонтар ҳисоб кардан мумкин нест, зеро баъзе одамоне, ки масуният надоранд, метавонанд ҷараёни шадиди бемориро аз сар гузаронанд.
Дар ин бора мудири Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея Александр Гинсбург дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳори назар кардааст.
Ҳамин тавр дар одамоне, ки масунияти заиф доранд, ҳангоми сироят бо штамми омикрон ҷараёни шадиди беморӣ имконпазир аст.

"Инҳо маълумоти кишварҳои аврупоӣ мебошанд, ки дар онҳо 60-80% моякӯбӣ шудаанд, аз ин рӯ аниқ гуфтан ғайриимкон аст, мо то ҳол теъдоди ками ваксингирифтаҳо дорем, барои ҳамин эҳтимолан шахсони ваксинанашуда ин бемориро шадид гузаронанд”, - гуфт ӯ.

Гинтсбург таъкид кард, онҳое, ки бо "Спутник V" ваксина шудаанд, ба эҳтимоли зиёд ба ин вирус гирифтор нашаванд.
Қаблан ӯ тавзеҳ дода буд, ки ваксинаи зидди коронавируси Русия дар мубориза бо штамми омикрон натиҷаҳои хуб додааст.
Ба гуфтаи коршинос, самари як ваксинаи дукомпонентӣ 75% арзёбӣ мешавад ва дар сурати дубора ваксина кардан бо "Спутник Лайт" он ба 100% мерасад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз бурузи штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод
Ёдовар мешавем, ваксинаи дукомпонентии "Спутник V" бар зидди коронавирус, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея таҳия шудааст, аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон алайҳи вируси SARS-CoV-2 мебошад.
Қаблан иммунологҳо шарҳ дода буданд, ки ҳадафи асосии штамми омикрон ворид шудан ба ҳуҷайраҳои луобпардаи роҳҳои болоии нафас аст, ки он ҷо зудтар афзоиш меёбад.