Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар бахши мудофиа миёни Тоҷикистону Туркия

Дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Анкара ва вазири дифои Туркия дурнамои ҳамкории марбут ба бахши дифои ду кишвар баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ахиран дар Анкараи Туркия мулоқоти Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон бо вазири дифои Туркия Хулуси Акар сурат гирифт, ки дар он ҳамкории ду кишвар дар бахши мудофиа баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ.
“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдрас менамоем, ки имсол аз барқарории равобити дипломатии Тоҷикистону Туркия 30 сол пур мешавад.
Сафорати Туркия моҳи марти 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ кард. Сафорати Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар Анкара ифтитоҳ ёфт. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул соли 2011 ба кор шуруъ намуд.
Сармоягузории ду ширкати бузурги Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон
То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия дар Душанбе ва Анкара баргузор шудааст.
Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия дар умури ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз даҳ нишасти он дар Душанбе ва Анкара баргузор гардидааст.
Агентии Туркия дар умури ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад ва аз ҷониби ин агентӣ дар кишвар даҳҳо лоиҳа татбиқ шудааст.