ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ӯзбекистон мақоми аввали тавлиди ҳавопаймои низомии бесарнишин дар Осиёи Марказиро аз худ кард.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Кумитаи давлатии саноати ин кишвар хабар медиҳад.
"Дар назди Кумитаи давлатии саноати дифоӣ як маркази илмӣ-истеҳсолии системаҳои бесарнишини ҳавоӣ таъсис дода шуд. Дар ин марказ тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини "Лочин" (Сокол), ки ба талабот ва стандартҳои байналмиллалии фаннӣ комилан ҷавобгӯянд, ба роҳ монда шудааст", — гуфтанд дар Кумитаи давлатӣ.
Дар баробари ин Ӯзбекистон нахустин кишваре дар Осиёи Марказӣ шуд, ки ҳавопаймои бесарнишини худӣ тавлид кард.
Хусусиятҳои техникии дастгоҳ ва иқтидори истеҳсолии он ошкор карда нашудааст. Видеоҳои Кумитаи давлатии саноати дифоӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки маркази УАВ дар марҳалаи аввал тавлиди ду намуди дрон — навъи ҳавопаймо ва квадрокоптерро роҳандозӣ кардааст.
Маркази бунёдшуда бо таҷҳизоти технологӣ, лабораторӣ ва озмоишӣ барои истеҳсол, ҷамъоварӣ, таъмир ва хидматрасонии ҳавопаймоҳои бесарнишин пурра муҷаҳҳаз шудааст.
Қаблан дар Ӯзбекистон дастгоҳи биниши шабона барои низомиён таҳия шуда буд.
Мутахассисони ӯзбек инчунин дар асоси мусалсали "Утес" барои мошинҳои зиреҳпӯши сабуки ватанӣ модули ҷангӣ сохтаанд.
Ин дар ҳолест, ки президенти Беларус Александр Лукашенко дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СААД Ӯзбекистонро аз тазоҳрот ҳушдор дод ва гуфт, бояд аз ҳаводиси Қазоқистон сабақ гирад.