ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқот бо сафири Итолиё дар Русия Ҷорҷо Стараче дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду саноати илмӣ барррасӣ кард, иттилоъ додааст ҳадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мулоқот хусусан аз саҳми ширкатҳои сохтмонии Италиё дар рушди бахши энергетикии кишвар ёдоварӣ кардааст.
Ҳамзамон тарафҳо дар ин мулоқот вобаста ба баргузории конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, мубодилаи афкор намуда, бавижа ба аҳамияти он таъкид кардаанд.
“Ҷонибҳо иброз доштанд, ки онҳо дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд. Эътиқоди тарафайн изҳор гардид, ки ҷашни 30-солагии равобит ба раванди таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ду дипломат омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Италиё иброз намуданд.