ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Самариддин Каримов, роҳбари ин муассиса дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, чанд муддат аст, онҳоро тамоман бо ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва маводи зиддиуфунӣ таъмин намекунанд.
Вай афзуд, кормандони муассиса бо пули худашон маводи заруриро харидорӣ менамоянд.
“Масъулони Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб аз ҷой доштани ин мушкилӣ воқифанд, вале дар ислоҳи он бетарафӣ зоҳир менамоянд”, - қайд кардааст оқои Каримов.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки яке аз мушкилоти дигари ҳалталаби соҳа норасоии мутахассисон дар КАТС мебошад. Ин ҳолат масъулони соҳаро ба ташвиш овардааст.
Иброҳим Раҷабов, муовини роҳбари шабакаҳои КАТС дар ин бора иброз намуд, ки дар тобеияти муассиса 20 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
“Алҳол ду бунгоҳи тиббӣ: яке дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Арғонак, дигаре дар ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, дараи Ҳавз дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Соли гузашта ҳашт нафар табиби марказ бо хоҳиши худ аз кор рафт. Айни замон дар муассисаҳои назди КАТС 20 табиби бахшҳои асосӣ намерасад”, - зикр намудааст номбурда.
Масъулон қайд карданд, ки дар давраи авҷи бемории корона бо сабаби набудани табиби сироятшинос маҷбур шудаанд, ки табибони оилавиро ба фаъолияти сироятшиносӣ ҷалб намоянд.
Норасоии 40 табиби маълумоти олидор ва беш аз 25 корманди миёнаи тиббӣ масъулони ноҳияро нигарон кардааст.
Соҳаи тандурустии ноҳия ба духтурони гӯшу гӯлую бинӣ, момодоя, амрози даруна ва сироятшинос эҳтиёҷ дорад.