ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи кӯҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машқҳое бо ширкати ҳазор сарбоз оғоз шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳафзаи марказии ҳарбӣ гузориш медиҳад.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ барои машқи мудофиа ва ҳуҷум бо истифода аз системаҳои иктишофии зарбазан ва оташфишонӣ рафтаанд.
Илова бар ин сарбозон аз ҳама навъҳои яроқи тирандозу норинҷакандоз, инчунин аз мошинҳо тайи ин тамрин бар зидди душмани шартӣ истифода мекунанд.
Барои то ҳадди имкон фароҳам овардани муҳити ҷангӣ ҳадафҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун дар майдонҳои тамринӣ истифода мешаванд, илова кардаанд дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши омодагии қисмҳои пиёданизом дар робита ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ аст.
Ёдовар мешавем, соли 2021 Русия дар Тоҷикистон теъдоди рекордии машқҳоро баргузор кард.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар зиёда аз 300 машғулият иштирок намуданд. Чунин тадбирҳо ба вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар миёнаҳои моҳи август толибон қудратро дар он ҷо ба даст оварданд, иртибот доранд.
Федератсияи Русия дар соли 2022 нақша дорад, на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қирғизистон, Покистон, Миср, Ҳиндустон, Лаос, Шри-Ланка, Алҷазоир ва Муғулистон низ размоишҳои муштарак баргузор кунад.
Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон воқеъ буда, бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст.