Ҳукумати толибон аз афзоиши додугирифт бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод

Ҳаҷми додуситади Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар соли гузашта афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Ҳукумати толибон хабар додааст, ки додугирифт бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ҳоли рушд қарор дорад, менависад сомонаи "Afghanistan.ru".
Манбаъ дар истинод ба Утоқи бозаргонии Афғонистон хабар додааст, ки содирот ба ин кишварҳо 33 миллион доллар афзоиш ёфтааст, аммо воридот ҳамоно аз содирот бештар аст.
Дар баробари хамин Утоқи бозаргонии Афғонистон кайд кардааст, ки гардиши мол бо Покистон нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб бештар шудааст.
Кумаки Эрон ба 500 хонаводаи ниёзманди Афғонистон барои зимистонгузаронӣ
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки транзити коло аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути Афғонистон низ афзоиш ёфтааст.

“Баъди ба қудрат расидани Толибон беш аз 8000 мошини боркаш аз қаламрави Афғонистон гузаштааст”, - гуфт Хайриддин Мил, намояндаи Утоқи бозаргонии Афғонистон бо ишора ба афзоиши даромади гумрукӣ аз транзит.

Қисмати асосии борҳои транзитӣ ба Осиёи Ҷанубӣ аз масири Ҳайратон - Турхам мегузарад.