ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон озмуни савуми байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони "УРАЛ -ИЛЕ" барпо гардид.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ ин озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Бошқирдистон ва Донишкадаи санъати шаҳри Уфа баргузор шудааст.
Манбаъ меафзояд, аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур ансамбли созҳои халқии донишҷӯён иштирок намуд.
Дар сози думбра донишҷӯи бахши савуми шуъбаи созҳои халқӣ Баротова Мадина ва синфи омӯзгор Лутфуллои Раҳматулло иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ансамбли созҳои халқии донишҷӯён бо гирифтани ҷои якум ва Баротова Мадина бо гирифтани ҷои сеюм дар озмуни мазкур ғолиб омаданд.
Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.