Пас аз як соли қатли Навиди Афкорӣ дар Эрон боз ба як қаҳрамони бокс ҳукми эъдом доданд

Варзишгар дар ворид кардани хисорот тайи эътирозҳои мардумӣ дар Эрон гунаҳкор дониста шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Эрон қаҳрамони бокс Муҳаммадҷаводи Вафоии Сонӣ ба эъдом маҳкум шуд. Дар ин бора як созмони ғайриҳукуматии ҳуқуқи башари ин кишвар, воқеъ дар Норвегия хабар додааст.
Варзишгари 26-сола ҳангоми ширкат дар эътирозҳои соли 2019 ба далели боло рафтани қимати сӯзишворӣ дар оташсӯзӣ ва тахриби биноҳои давлатӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Муҳаммадҷаводи Вафоӣ моҳи феврали соли 2020 боздошт шуда ва то ҳанӯз он ҷо ба сар мебарад.
Ҳукми эъдоми ин муштзан ҳамагӣ як сол баъд аз эъдоми қаҳрамони куштии миллии Навиди Афкории 27-сола содир шуд.
Қабл аз ин вай изҳор дошт, ки ӯро шиканҷа кардаанд, то ширкаташ дар эътирозҳои алайҳи мақомот ва куштори як корманди амниятро эътироф намояд.
Вакили дифои Муҳаммадҷаводи Вафоӣ ният дорад, ки ба Додгоҳи Олӣ шикоят кунад.
Эрон варзишкори шинохтааш Навид Афкориро қатл кард
Паём дар бораи эъдоми муштзан боиси вокуниши фаъоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Онҳо хэшттеги #SaveMohammadJavad-ро роҳандозӣ карда, раҳоии варзишгарро талаб карданд.
Ёдовар мешавем, Муҳаммадҷавод қаҳрамони Эрон дар риштаи бокс миёни наврасон ва Қаҳрамонии шаҳри Машҳад аст.
Эрон аз рӯи теъдоди эъдомҳо пас аз Чин дар ҷои дуввум аст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар ин кишвар ҷунбиши фаъоле барои лағви чунин аҳком даст ба кор шудааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хэштаги "Иҷозат надиҳед!" роҳандозӣ шуда буд, ки Қонуни ҳукми қатлро дар назар дошт. Ин маърака на танҳо дар дохили Эрон, балки берун аз он низ паҳн шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ иддао доранд, ки ҷомеа аз чунин муҷозот пуштибонӣ намекунад, ки бо мавқеи мақомот мухолифат аст.