ИМА қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз сахттар кард: чӣ тағйир ёфт?

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони дигар давлатҳо ба ин кишвар бинобар паҳншавии штамми коронавируси омикрон тағйир ёфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) тағйир ёфтанд. Дар ин бора ширкати "Uzbekistan Airways" хабар медиҳад.
Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд шаҳодатномаи манфии ташхиси коронавирусро, ки на бештар аз 48 соат пеш аз савор шудан гирифтаанд, пешниҳод кунанд.
Илова бар ин мусофирон бояд боз дар фурудгоҳҳои Дубай ва Шарҷа аз санҷиши коронавирус гузаранд.
То дарёфти натиҷаҳои санҷиш аз шаҳрвандон талаб мешавад, ки худҷудоиро риоя кунанд, қайд мекунад ширкат.
Қаблан Ӯбекистон низ ҳамин гуна маҳдудиятро барои тоҷикистниён ҷорӣ карда буд.
Чунин чораҳо бинобар вазъи ноустувори эпидемиологӣ, яъне паҳншавии штамми омикрони COVID-19 рӯи даст гирифта шудаанд.
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки Иморот қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро шадидтар мекунад.
Дар аввали моҳи июни соли 2021 ҷумҳурӣ аз рӯйхати "сабз" хориҷ карда шуд. Он гоҳ онҳое, ки ба ин кишвар мерафтанд, маҷбур буданд, дар тӯли даҳ рӯз худҷудоӣ кунанд.
Маҳдудиятҳо дар моҳи сентябр бардошта шуданд. Дар ҳамин ҳол чораи дар боло зикршуда ба шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Молдова дахл надошт.
Аввалин ҳодисаи сирояти омикрон дар ИМА дар аввали моҳи декабр сабт шуда буд. Ин вирус дар зане пайдо шудааст, ки аз Африқо тавассути яке аз кишварҳои арабӣ ба он ҷо рафтааст.
Аз 29 ноябр мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вуруди шаҳрвандони ҳафт давлати Африқои Ҷанубиро ба ин кишвар ба далели паҳн шудани штамми омикрон дар минтақа мутаваққиф карданд.