Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба Афғонистону Ӯзбекистон

Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардаанд, ки маҳсулоти кишварзии ин вилоят дар соли гузашта ба панҷ кишвар содир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон, маҳсулоти вилояти Хатлон ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содир шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамасола соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон рушд ёфта, кишоварзони вилоят бо маҳсулоти тару тоза бозорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз онро таъмин менамоянд.
Мақомоти Хатлон шумори занону мардони муҳоҷири ин вилоятро расонаӣ карданд
“Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 117368,2 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 25166,8 тонна таввасути нақлиёт, тайёра, 92201,4 тонна аз тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содир шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, содироти маҳсулот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10814,8 тонна зиёд буда, иҷрои дурнамои он 123,5 фоиз таъмин шудааст.