ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Теъдоди аз занони афғонистонӣ ахиран дар эътироз ба дархости Вазорати амри ба маъруф ва наҳйе аз мункари толибон мабнӣ бар риъояти ҳиҷоб ва пӯшидани рӯсарӣ, дар Кобул тазоҳурот карданд, иттилоъ додааст ИСНА.
“Ин эътироз барои дифоъ аз ҳуқуқи занон ба сурати мусолиматомез буд, аммо тавассути Толибон бо гази ашковар саркуб шуд”, - гуфт яке аз занони муътариз.
Гурӯҳи толибон, ки аз 15 август қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта аст талош мекунад ба мардуми ин кишвар ва ҷомеъаи байналмиллалӣ дар бораи риъояти ҳуқуқи занон итминони хотир бидиҳад, аммо то кунун иҷроӣ накарда аст.
Маҳрум мондани занон ва духтарон аз омӯзиш ва надоштани кор дар давлати толибон ҳамвора аз нукоти қобили баҳс дар Афғонистон ва нишастҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буда аст.
з рӯзи ба сари қудрат омадани толибон мушкилоти ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфт.