Толибон ба кормандони маҳаллии Урузгон: Доштани салла ва риш ҳатмӣ аст

Мақомҳои маҳаллии толибон дар вилояти Урузгон аз кормандони давлатӣ хостаанд, ки дар зоҳирашон тағйирот дароранду лунгӣ (салла) бизананд ва риш бигзоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Мавлавӣ Тойиб, як намояндаи волии толибон дар Урузгон дар ҳафтаи ҷамъоварии молиёт дар мақари Мастувфия дар вилоят аз кормандони давлатӣ дар ин вилоят хостааст, ки симои худро тағйир диҳанд, саллаву банданду риш гузоранд.
Вай таъкид кард, ки тамоми кормандони давлатӣ бояд суннатҳои исломиро риоя кунанду риш гузоранд.
Ҳамчунин намояндаи толибон аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ хостааст, ки кормандони давлатӣ бояд усулҳои исломиро айёр кунанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон зимни сафар ба корпуси 203-юми артиши Мансурӣ дар ҷанубу шарқи кишвар гуфтаанд, ки ноболиғони бидуни риш иҷозаи хидмат дар сафҳои низомии ин гурӯҳро надоранд.
Аҳмадинажод: Чин, Русия ва Покистон аз пуштибонии толибон пушаймон хоҳанд шуд
Раз Муҳаммад, як масъули ин вазорат аз масъулони корпуси Мансурӣ хостааст, ки ноболиғони "бадном" ва онҳоеро, ки шеваҳои сунниро риоя намекунанд, ихроҷ кунанд.
Толибон қаблан аз мардум хоста буданд, ки риш гузоранд ва дар сартарошхонаҳо риштарошӣ манъ кунанд. Аммо ин бори аввал аст, ки толибон доштани риш ва салларо барои низомиён ин гурӯҳ шарт таъйин кардаанд.