ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ин шоҳроҳ аз соати 3 – и рӯзи гузашта, 16 январ, то ба ҳол баста аст ва вазъ соат ба соат вазнинтар мешавад.
Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз), ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як соати қабл дар километри 65 – уми қаламрави ноҳияи Варзоб як тармаи ҳудуди 600 – метра фуруд омада, бар мушкили кормандони ширкат, ки ба тоза кардани роҳ машғуланд, афзуд.
“Вазъ дар километрҳои 48 ба 73 – и ноҳияи Варзоб вазнин шудааст. Дар ин масир 18 тармаи хурду бузург аз куҳҳо поин омадааст, ки дарозиашон аз 20 метр зиёд аст.
Баландии тарма аз 10 метр болост, аммо кормандони ширкати IRS бо офат дасту панҷа нарм мекунанд ва ҳудуди 30 техника барои рафъи он эъзом шудааст”, - гуфт Далери Абдулло.
Душанбе – Чаноқ шоҳроҳи муҳимтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз соати 3-и дирӯз, 16 январ ба ин сӯ баста аст ва мусофирон, бахусус дар қисмати ноҳияи Айнӣ дар мондаанд.
Илҳом Исматов, яке аз мусофирине, ки дар мондааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, теъдоди афроди дармонда ба ҳудуди ҳазор нафар наздик шудааст ва барои огоҳ шудан аз вазъи онҳо Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ низ омадааст.
“Сардори БДА – и ноҳияи Айнӣ Боҳирҷон Дадаҷонов ду рӯз аст, ки дар ин ҷост. Ҷамоати деҳоти Фондарё ва сокинони деҳаи Такфон дар ду маҳал оши палав барои мусофирон пухтанд, ки ҳарду дег 60 – килоӣ буданд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли мусофирин, рӯзи қабл ширкати IRS низ ба мусофирин маводи ғизоӣ тавзеҳ дода буд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS мегӯяд, ҳоло дақиқ намешавад гуфт, ки шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ кай боз мешавад, зеро соат ба соат эҳтимоли фаромадани тармаҳои нав вуҷуд дорад.