ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи мудҳиш шамои 15-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 19:20 дақиқа дар километри 8-уми шоҳроҳи “Исфара - Кӯчкак” сар задааст.
Иллати сар задани садамаро ВКД ба ноуҳдабароии ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри" Муъминов Муҳиб Юлдошевичи 42-сола рабт додааст.
Ба иттилои манбаъ, Муъминов ҳангоми ҳаракт нахуст ба қафои автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", ки таҳти идораи ронанда Охунов Мирзосолиҳ қарор доштааст, баъдан қисми қафояш муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба "Дулан"-и таҳти идораи ронанда Алишер Қаюмов бархӯрдааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри" Почоев Зафари 38-сола, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронанда бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.