ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия 30 ҳазору 726 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки баландтарин нишондод аз 10-уми декабри соли 2021 то ҳол мебошад.
"Аз 30 ҳазору 726 гирифтори таъйидшуда ба коронавирус дар 85 минтақаи Русия ҳудуди 16,3% ё панҷ ҳазору 18 ҳолат бидуни ягон нишонаи клиникӣ мебошанд", - овардааст РИА Новости аз қавли Ситоди фаврӣ.
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл 29 ҳазору 230 ҳолати гирифторӣ ва пеш аз он 27 ҳазору 179 ҳолати мубталошавӣ ба қайд гирифта шуда буд. Суръати афзоиш тайи се шабонарӯзи гузашта аз 0,25% ба 0,28% зиёд шуд.
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари коронавирус дар шабонарӯзи ахир 670 нафарро ташкил дода. Рӯзи қабл ин омор ба 686 нафар баробар буд. Шумораи мураххасшудаҳо аз беморхона 19 ҳазору 756 нафар аст ва рӯзе пеш 22 ҳазору 731 нафар буд.
Афзоиши гирифторӣ нисбатан зиёд дар Маскав (7529) буда, дар Санкт-Петербург - 4132, вилояти Маскав - 3388 маврид сабт шуда, аз ҳама кам дар Қалмиқия - 20 нафар, ҳавзаи Ненеск - 7 ва Чукотка - 3 нафар ба мушоҳида расидааст.
Дар маҷмуъ аз моҳи марти соли 2020 то ҳол дар Русия 10 834 260 нафар ба коронавирус сироят ёфтанд, 321 990 нафарашон фавтидаанд ва 9 878 371 нафари дигар шифо ёфтааст.
Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, шумори гирифторон дар дунё аз ҳадди 318 миллион нафар гузашт, ки беш аз 5,5 миллион нафарашон ҷон бохтаанд. Вазъи нисбатан мураккаб дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Бритониёи Кабир ва Фаронса арзёбӣ мешавад. Русия дар ин феҳраст дар мақоми шашум қарор дорад.
Ба иттилои Пажуҳишгоҳи саломатии назди Донишгоҳи Вашингтон, авҷи хуруҷи коронавирус дар Русия метавонад, 22 январ фаро расад.
Мақомдорони бахши тандурустӣ ҳамоно беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз ин бемориро гирифтани ваксина мегӯянд. То 17 январ дар Русия бо ду вояи ваксина 76 миллиону 520 ҳазору 849 русиягӣ моякубӣ шудаанд, ки теъдоди гирифторон дар миёни онҳо аз 4 дарсад бештар нест.