Рақибони "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО маълум шуданд

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Конфедератсияи футболи Осиё дар минтақаи ғарбӣ аз 7 то 27-уми апрели соли равон баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар пайи қуръапартоӣ маълум шуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон, тими "Истиқлол" дар гурӯҳи "А"-и Лигаи чемпионҳои КФО сабқат мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, рақибони тими душанбегӣ дар ин гурӯҳ дастаи "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, "Ал-райян"-и Қатар мебошанд. Ҳарифи сеюми тими Тоҷикистон дар ин гурӯҳ ғолиби ҷуфти "Шарҷа" -и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва "Ал-завраа"-и Ироқ хоҳад буд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи осиёӣ дар қисмати ғарбӣ бо шеваи мутамаркиз аз 7 то 27-уми апрел баргузор мешаванд.
Ба асоси қоидаҳои ин мусобиқа, дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ панҷ ғолиби гурӯҳҳо ва се дастаи дорои ҷои дуюм бо беҳтарин натиҷаҳо роҳ меёбанд.
Дар сурати баромадан ба даври ҳаштякниҳоӣ тими "Истиқлол" бозии ояндаро се ё чаҳоруми феврали соли 2023 анҷом хоҳад дод.
Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё миёни қаҳрамонҳою ҷоизадорони кишварҳои минтақа баргузор шуда, яке аз мусобиқаҳои бонуфуз ба шумор меравад.