Матвиенко: СПАД аъзояшро аз инқилобҳои ранга ҳимоят мекунад

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия вазъи Қазоқистон, вокуниш ба вуруди нерӯҳои СПАД ба ин кишвар аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбиро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар сурати талош барои ташкили инқилоби ранга дар яке аз кишварҳои узви СПАД ин созмон аз ин кишвар дифоъ хоҳад кард, гуфт Валентина Матвиенко дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 1".
Вай ҳамчунин қайд кард, ки СПАД ҷиддияти худро ҳамчун созмон собит кардааст ва кишварҳои дигар бояд қудрати ин иттиҳодро қабул кунанд.

"Дар сурати кӯшиши инқилоби ранга дар ягон давлати дигар СПАД ҳамеша ба ҳимоят мебарояд. Ин хеле муҳим аст", - гуфт вай дар посух ба суоле дар бораи баҳодиҳии амалҳои СПАД дар Қазоқистон аз ҷониби ИМА ва НАТО.

Матвиенко ёдовар шуд, Русия тӯлонитарин марз бо Қазоқистонро дорад.
"Агар сари вақт ин вазъият рафъ карда намешуд, он на танҳо ба соҳибихтиёрии Қазоқистон, балки ба амният, соҳибихтиёрӣ ва давлатҳои ҳамсоя таҳдид мекард", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар Қазоқистон СПАД қобилият ва аҳамияти таъсиси ин созмонро нишон дод.
"Бадхоҳии ҳамешагӣ": вокуниши Вазорати корҳои хориҷӣ ба интиқоди Ғарб аз СПАД
Қобили зикр аст, ки пас аз даргириҳо дар ин ҷумҳурӣ 200 низомии Тоҷикистон ҳамроҳ бо сарбозони дигари кишварҳои СПАД барои кумак ба мақомоти Қазоқистон рафтанд.
Дар маҷмуъ дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Қазоқистон низомиёни Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон вориди ин кишвар шуданд.
Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар бораи ҷалби нерӯҳои посдори сулҳ 6 январи соли 2022 барои ба эътидол овардани вазъ пас аз дархости раисҷумҳур Тоқаев гирифта шуд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Ҳукумат ба поин овардани қимати гази моеъ розӣ шуд, аммо ин эътрозгаронро қонеъ накард ва он дар дигар шаҳрҳои Қазоқистон доман паҳн карда, ба амалиёти мусаллаҳона табдил гардид.
Лукашенко гуфт, амалиёти СПАД дар Қазоқистонро ӯву Путин дар як соат тарроҳӣ карданд
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ шуд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Зарари аз эътирозҳорасида беш 200 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши барҳам додани амният ва якпорчагии ин давлат бо зӯр аз берун арзёбӣ мекунад.
Бар асоси охирин маълумот, шумори умумии кушташудагон дар ошӯбҳо дар Қазоқистон 225 нафарро ташкил медиҳад, ки 19 нафар аз онҳо маъмури амниятӣ мебошад.
Ҳоло вазъ дар Қазоқистон муътадил буда, дар ҳоли баргашт ба ҳолати муқаррарист.