Дар Душанбе хатсайри автобуси №55а ба кор даромад: чӣ тағйир медарояд

Аз охири моҳи январ дар пойтахти Тоҷикистон як хатсайри мунтазами автобусҳо ба кор шурӯъ мекунад ва он хатсайри кӯҳнаеро, ки танҳо микроавтобусҳо мусофиркашонӣ мекарданд, иваз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусҳои рақами 55а аз терминали "Дарвозаи ҷанубӣ" то боғи "Локомотив" дубора ба кор шурӯъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр.
"Аз 24 январ дар пойтахт хатсайри автобуси рақами 55а аз кӯчаи Фучик, 60/1 то терминали "Дарвозаи ҷанубӣ" роҳандозӣ мешавад", - гуфтааст шаҳрдорӣ.
Ҳамин тариқ, нақлиёти нав микроавтобусҳои кӯҳнаро иваз мекунад, ки бо ҳамон хатсайр ҳаракат мекард.
Автобусҳо мисли пештара дар 8 кӯча ҳаракат мекунанд:
Ҷанубӣ;
Н.Қарабоев;
А.Ҷомӣ;
Соҳилӣ;
С.Шерозӣ;
С.Айнӣ;
А. Дониш;
М.Мастонгулов.
Гуфта мешавад, дар ин масир автобусҳои нави иловагии тамғаи ватании "AKIA ORIYO-LE8" пайдо мешаванд.
Дар мавриди қоидаҳои пардохт бошад, он танҳо бо корти нақлиётӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки автобусҳои нави Тоҷикистону Туркия аз нигоҳи суръат, сабуктар ва кам кардани вақти сафар дар кӯчаҳои васеъ бартариҳои зиёд доранд.
Ифтитоҳи хатсайри нави автобус дар Душанбе: то бозори "Корвон" мебарад
Ахина Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ҳисоботияш гуфт, ки соли 2021 дар пойтахт бо ҳама намуди нақлиёт 280 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Ӯ гуфт, ки зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маҷмӯъ, 578 воситаи нақлиёти мусофиркашӣ, аз ҷумла 474 автобус ва 104 троллейбуси бесими замонавӣ харидорӣ гардид.
Раиси шаҳр ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии мусофиркашонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.