ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. СААД, ки шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад, бояд ба созмоне ба монанди НАТО табдил дода шавад.
Дар ин бора ба расонаи "Украина.ру" сиёсатшиноси белорус, Всеволод Шимов изҳори назар кардааст.
Такмили СААД метавонад паёми ҷиддие барои Эътилофи Атлантикаи шимолӣ гардад, муътақид аст коршинос. Ба ҳамин минвол Русия нишон медиҳад, ки дар атрофи кишвар иттиҳоди устувори сиёсию низомӣ ташаккул ёфта истодааст.
"Вокуниши беҳтарин табдили СААД ба амсоли НАТО мебошад. Яъне ба созмони дорои идораи ҳамоҳангшудаи артиш, сиёсати муштараки таслеҳот ва пойгоҳҳои доимӣ дар қаламрави кишварҳои иштирокдор", - тавзеҳ дод Шимов.
Инчунин коршинос дар ин суҳбат музокироти ахири Русия ва НАТО-ро низ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи Шӯрои НАТО ва Русия барои коҳиши ташаннуҷ миёни иштирокдорон мусоидат накард, аммо худи муколама падидаи мусбат аст.
Ӯ мегӯяд, гумон аст, ки музокироти минбаъдаи Русия ва НАТО ба истиснои тавофуқоти ҷузъӣ, натиҷаҳои назаррасе дошта бошанд.
Сиёсатшинос илова намуд, ки Украина ва Гурҷистон имконе барои вуруд ба НАТО-ро надоранд, чун ҳардуи ин кишвар баҳсҳои ҳалношудаи ҳудудӣ доранд.