Роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд

Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, барои тамоми намуди воситаҳои нақлиёт масдуд мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, сабаби масдудияти ҳаракатро ба тармафароӣ дар ин масир рабт дод.

"Бинобар тармафароии зиёд дар километрҳои 48 то 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз километри 39, аз самти Душанбе - Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуд", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

IRS тавзеҳ дод, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе низ аз километри 81-ум ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт мутаваққиф шудааст.
Таъкид шудааст, ки феълан масъулини ширкати нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон ба тозакунии тармаҳо машғул мебошанд. Инчунин роҳҳоро аз барф тоза намуда, бо маводи зидди лағжиш коркард карда истодаанд.
КҲФ қоидаҳои сафари бехатар дар фасли зимистонро нашр кард
Ширкат изҳор доштааст, ки дар сурати кушода шудани роҳ иловатан ба шаҳрвандон иттилоъ ироа хоҳад кард.
Роҳи Душанбе - Чаноқ аз масирҳои калидӣ ва стратегии Тоҷикистон мебошад, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории он намояндагии ширкати IRS таъйин шудааст. Ҳаққи гузаштан аз ин роҳ аз аввали соли равон боло рафта, масъулини IRS ин амалашонро ба болоравии қурби доллар, афзоиши хароҷоти онҳо, боло рафтани нархи сӯзишворию дигар молҳои воридотӣ ва омилҳои дигар рабт доданд.