ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мақомоти ӯзбек аз 15 январ марзи кишварашонро барои шаҳрвандони Қазоқистон бастанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии ин ҷумҳурӣ хабар додаст.
Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин тасмим ҷилавгирӣ аз паҳншавии наъи нави коронавирус - омикрон мебошад. Дар ин зимн парвозҳои миёни ду кишвар ҳамоно идома дода мешаванд.
Шаҳрвандон зимни вуруд ба Ӯзбекистон бояд ташхиси манфии ПСР аз коронавирусро нишон диҳанд, ки на дертар аз 48 соат пеш аз вуруд гирифта шуда бошад. Инчунин дар қавламрави Ӯзбекистон низ ташхисҳои фаврӣ ё худ экспресс-тест супорида мешавад.
Ҳамаи намуди санҷишҳо танҳо аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз ҳудуди минтақаҳои Сух, Шоҳимардон, Чунгарин, Тоштеппа, Бунёдкор, Ҷомӣ ва Кардошлик мегузаранд, талаб карда намешавад.
Қаблан аз сабти омикрон дар Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки нахустин ҳолаташ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид гардидаст. Ҳамаи 200 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, феълан дар карантин қарор доранд.
Ӯзбекистон ахиран парвозҳо бо Ҷумҳуриии Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана, Намибия, Зимбабва, Мозамбик, Мадагаскар, Лесото, Эсватиния, Танзания ва Ҳангонкро мутаваққиф карда буд.