ДУШАНБЕ, 16янв — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, 54 ҳазору 834 нафар вояи якум ва 38 ҳазору 236 нафар вояи дуюми воксанро гирифтаанд, ки вояи якум 73 дарсад ва вояи дуюм 54 дарсадро фаро гирифтааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Мунира Муродова, мудири Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия иттилоъ додааст, ки ҳоло дар ноҳия 51 нуқтаи эмгузаронӣ ташкил шудааст.
“Сокинони Шаҳритӯс панҷ намуди воксина, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V"-ро гирифтанд. Ҳоло дар ин ноҳия 10 ҳазор вояи воксина захира шудааст ва бояд 20 ҳазор нафари дигар воксан бигиранд”, - гуфтааст Мунира Муродова.
Вай афзуд, ҳама сокинони ноҳияи Шаҳритӯс бояд сари вақт ба нуқтаҳои эмгузаронӣ ҳозир шуда, баҳри солимии худ воксан бигиранд.
Ёдовар мешавем, ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки наздики 65 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди афроде, ки то ҳол алайҳи коронавирус моякубӣ шудаанд, ҳудуди 3,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ин омор тамоми афродеро фаро мегирад, ки то 30 декабр моякубӣ шудаанд ва ба ин мизон 64,8 дарсади аҳолии калонсоли кишвар баробар мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустии кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар шаҳри Душанбе нақшаи ваксиназанӣ 100 дарсад иҷро гардида, 628,6 нафар моякубӣ шудааст.
Нишондоди ваксинагирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 70,6 дарсад баробар гардидааст. Манбаъ мегӯяд, беш аз 116 ҳазор сокини ин вилоят ваксина гирифтааст.
Дар навоҳии тобеи марказ беш аз 659 ҳазор нафар ё 52,1 фоиз аз коронавирус эмин шудаанд.
Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар вилояти Суғд беш аз 1,1 миллион нафар ё 58,1 дарсад арзёбӣ гардид. Дар Хатлон ин нишондод ҳадди 1,3-миллионнафариро убур намуда, ба 67 фоиз расид.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.