ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Шоҳидон ҳамчунин гуфтанд, ки ин таркиш дар минтақаи Багромӣ пойтахт рух дод. Бомб дар канори роҳ ҳангоме таркидааст, ки он замон як мошини толибон мегузаштааст.
"Бомба таркид, тақрибан соати 12:00 таркид. Ду кӯдак кушта ва чанд нафар аз сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд”, - гуфт манбаъ.
Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Ба дунболи эъломи омодагии Амрико барои хуруҷи нерӯҳои худ толибон амалиёти густарда барои тасарруфи Афғонистонро оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август Ашраф Ғанӣ фирор кард ва Толибон бидуни ҷанг вориди шаҳри Кобул шуданд.