Кумаки Эрон ба 500 хонаводаи ниёзманди Афғонистон барои зимистонгузаронӣ

Мақомоти Эрон эълон кардаанд, ки кӯмакҳои башардустонаи ин кишвар ба мардуми ниёзманди Афғонистон идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мақомоти Эрон хабар додаанд, ки дар ин авохир ба теъдоде аз хонаводаҳои ниёзманд дар Кобул, пойтахти Афғонистон кӯмакҳое дар заминаи таъмини сухти зимистона ба арзиши 20 доллар барои ҳар хонавода ангишт ва чӯб тақсим кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”
Ангишту чӯб миёни 500 хонаводаи ниёзманди афғонистонӣ дар Кобул тақсим шудааст ва барномаи мушобеҳу кӯмак ба таъмини сӯхти зимистона барои ниёзмандон дар шаҳри Мазори Шариф ва дигар минтақаҳои Афғонистон дар барномаи Эрон қарор дорад.
Эрон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Ба афғонистониҳо кумак кунед, то ба марзҳои мо наоянд
Ҳамзамон мақомоти Эрон ёдовар шудаанд, ки чанде пеш кӯмакҳои маводи ғизоӣ, шомили орд, биринҷ, шакар ва ҳамчунин кӯмакҳои доруии Эрон дар қолаби маҳмулаҳои мухталиф байни ниёзмандон дар Афғонистон тақсим шуда буд.
Сайдҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Афғонистон хабар додааст, ки бар асоси фармоишоти раҳбарияти ҷумҳурии исломӣ ирсоли кӯмакҳои Эрон ба мардуми Афғонистон, бавижа дар фасли зимистон идома хоҳад ёфт.