Бобои Геннадий аз Беларус бо дучарха ба Тоҷикистон рафтанист

Геннадий Пазанкевич, ки бо дучарха ҳудуди 17 кишварро давр задааст, нияти боздид аз Тоҷикистонро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бобои Геннадий ният дорад, бо дучарха кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро давр занад, хабар дод телевизиони байнидавлатии "МИР".

"Ният дорам, аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Арманистон ба воситаи дучарха боздид намоям", - иҳор дошт Пазанкевич.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир амалӣ кардани ин нияташ ғайриимкон мебошад, чун пандемия кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифту бархе марзҳо ҳанӯз баста мебошанд.
Зикр шудааст, ки Бобои Геннадий то ҳол беш аз 17 кишвари ҷаҳонро давр задааст. Ӯ нақшаи сайри давродаври заминро низ дар сар мепарварад.
Сафари беш аз ду ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Суғд бо вуҷуди пандемия
Ӯ нақл мекунад, ки сафарҳояшро ба воситаи одитарин дучархаи "Аист" анҷом дода, то ба Владивосток расида буд. Дар сафарҳои минбаъда мегӯяд, ки аз дучархаи муосири суръатдор кор хоҳад гирифт.
Бобои Геннадий, ки дар гузашта ба ҳайси рассом дар осорхонаи Жодина фаъолият доштааст, феълан низ дар вақтҳои холигӣ пайкараи мавҷудоти гуногунро омода месозад. Таъкид шудааст, ки пайкараҳои сохтаи Пазанкевич дар тамоми қаламрави Белорус маъруф буда, даҳҳо адади он дар осорхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.