ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки бо толибон муқовимат мекунад, бо президенти собиқи Фаронса Франсуа Олланд мулоқот кардаанд.
Дар ин бораи Али Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар сафҳаи "Twitter"-аш хабар додааст.
Намояндагони ҷабҳа ва Олланд дар мулоқот масоили вазъи кунунии ин кишвар, хатари терроризм ва ояндаи Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Бахши равобити хориҷии ҷабҳа гуфт, ки дар мулоқот ба масъалаҳои таҳдиди террористӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Ба гуфтаи Али Майсам Назарӣ, Олланд ба Ҷабҳаи муқовимат итминон додааст, ки аз ормонҳои демократии шаҳрвандони Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.
Илова бар ин миёни Аҳмад Масъуд ва Франсуа Олланд суҳбати телефонӣ сурат гирифтааст, ки дар он раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дидгоҳи худ дар бораи ояндаи ин кишвар ва ҳифзи демократия дар Афғонистонро матраҳ кардааст.
"Ман ба ӯ итминон додам, ки аз муборизааш барои демократия дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам", - навиштааст худи Олланд дар сафҳаи "Twitter"-аш.
Ҳамзамон Али Майсам Назарӣ хабар дод, ки бо раҳбари Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси миллии Фаронса дидор кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот намояндаи ҷабҳа бо намояндаи Маҷлиси миллии Фаронса роҳҳои беҳтар кардани кӯмак ба мардуми Афғонистон ва таҳкими демократия дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин пуштибонии сиёсатмадорони хориҷӣ аз Ҷабҳаи муқовимат нест.
Қаблан сиёсатмадори итолиёӣ Гилермо Пике, муовини собиқи вазири умури хориҷии Итолиё дар "Twitter" акси Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистонро мунташир карда ва навишта буд, ки соли навро "ба охирин такягоҳи муқовимат дар Афғонистон ва Панҷшер алайҳи ваҳшигариҳои толибон бахшидааст".
"Умедворам, ки соли 2022 соли ҳалкунанда ва муваффақ хоҳад буд. Поянда бод Ҷабҳаи муқовимат!", - навишта буд ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ба дасти толибон дар моҳи августи соли 2021 аз оғози фаъолияташ хабар дод.