ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз 15 то 20 январи соли равон дар кишвар ҳаво номусоид хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин рӯзҳо дар водиҳо боридани борон, аз 17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезии шадид хоҳад шуд.
Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд, афзуд ин ниҳод.
Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ (НТМ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма ва туман, дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.
Дар қитъаҳои шоҳроҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ногувор шудани обуҳаво Агентии обҳуавошиносӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ намоянд.
Аз ронандагон даъват шудааст, ки воситаҳои нақлиёташонро барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.