Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пешгӯии даҳшатнок: ҳама гирифтори омикрон мешавем

Пизишк хотиррасон кард, танҳо бо ваксинзанӣ мешавад, аз ҷараёни шадиди омикрон пешгирӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бо дарназардошти суръати паҳншавии штамми омикрон ҳама, аз ҷумла ваксинашудаҳо ва эминнашудагон низ ба он гирифтор мешаванд, гуфт табиб ва барандаи телевизион Александр Мясников, менависад Агентии федералии иттилоотӣ.
Вай қайд кард, ки сатҳи баланди фавт дар кишварҳои гуногун на ба омикрон, балки ба делта вобаста аст.

"Фавт аз омикрон хеле кам ҳаст, танҳо шахсони ваксинанашуда ва дорои омилҳои хавф ба хатари марг дучор мешаванд", - шарҳ дод Мясников.

Вай ёдовар шуд, ки агар инсон зидди COVID ваксина гирад, аз ҷараёни шадиди беморӣ пешгирӣ мекунад.
Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?
Ёдовар мешавем, штамми омикрон бори аввал дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ беш аз ду моҳ пеш кашф шудааст. Ба гуфтаи олимон, он дорои даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S мебошад.
Муҳаққиқон ҳадс мезананд, ин штамм дар нафароне, ки масунияти заиф доранд, аз ҷумла беморони ВНМО ба вуҷуд омадааст.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирус ором аст, аммо Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати беҳдошти ҷумҳурӣ чанде қабл гуфта буд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани ин навъи нав ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.