ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Тифлис расида, нахустин тамринашро баргузор кард.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои зӯрозмоӣ бо дастаи мизбон дар Гурҷистон 15 бозигари тоҷик омодагӣ мегиранд. Ҳайати тим ду дарвозабон ва 13 бозигари майдониро шомил аст.
Манбаъ афзуд, барои тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозӣ бо дастаи Гурҷистон яке аз марҳилаҳои тайёрӣ барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё - 2022 мебошад.
ФФТ зикр намуд, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" қувваозмоӣ мекунад. Рақибонаш дар ин гурӯҳ дастаҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал мебошанд. Интизор меравад, ки марҳилаи интихобӣ аз 10 то 12 апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.
Ба тими мунтахаби Тоҷикистон дарвозабонҳо Фирӯз Бозмамадов аз тими "Истиқлол" ва Хушбахт Исоев аз "Соро компания" ворид гардидаанд.
Инчунин Тоҷикистонро бозигарон Файзалӣ Сардоров, Мухаммаҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов – аз "Соро компания", Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков аз "Сипар", Рустам Ҳамидов аз "Окжетпес"-и Қазоқистон, Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов аз "Истиқлол" ва Дилшод Саломов аз "Рахш-Такси" намояндагӣ мекунанд.