ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои буҷавӣ боло бурдани андозаи нафақа ва стипендияро зарур шуморидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин хусус фармони президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” 13 январи соли равон ба тасвиб расидааст.
Тибқи ин фармон, аз 1 январи соли равон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хидматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд мешавад.
Инчунин аз таърихи мазкур стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд мешавад.
Ҳамзамон ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад.
Мутобиқи ин фармон, аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида афзоиш меёбад.
Барои амалӣ афзудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, нафақаҳои суғуртавию иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ тахсис мешавад.
Таъкид шудааст, ки анҷом додани тадбири мазкур барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда мегардад.