ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мақомоти Русия барои муҳоҷироне, ки ихтиёран дастбанди электронӣ мепӯшанд, тартиби ҳуҷҷатгузориро соддатар мекунанд.
Дар ин бора раҳбари Ҳаракати умумирусиягии “Сильная Россия” Антон Светков дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, чунин тадбир сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷиронро коҳиш медиҳад.
“Ба муҳоҷирон метавон пешниҳод кард, ки мушкилоти бюрократӣ ҳангоми бақайдгирӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода мешавад, агар онҳо, масалан, ихтиёран дастбандҳои муайяне пӯшанд, ки имкон медиҳад, макони будубоши онҳо мушаххас бошад”, - таъкид кард ӯ.
Светков бовар дорад, ки аксари муҳоҷирон барои иҷрои он розӣ мешаванд.
Илова бар ин сиёсатмадор пешниҳод кард, чорае ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он, шаҳрвандони дигар давлатҳо мунтазам дар бораи маҳалли зисти худ ба мақомот хабар диҳанд.
Сиёсатмадор аз раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин пуштибонӣ кард, ки қаблан зарурати модернизатсияи равандҳои муҳоҷиратӣ барои пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар байни хориҷиёнро пешниҳод карда буд.
Дар мусоҳиба бо РИА "Новости" Светков қайд кард, ки яке аз мушкилоти таъхирнопазир масъалаи сабти иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аст.
Феълан барои дарёфти патент маълумот дар бораи ҷои истиқомат ҳатмӣ аст.