Лавров гуфт, талошҳои хориҷӣ барои ноором кардани Осиёи Марказӣ зиёданд

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, талошҳое барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ ҷой доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Феълан талошҳои зиёде аз хориҷ барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ рӯи даст гирифта шудаанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
Ӯ дар зимни нишасти ҷамъбастӣ аз фаъолияти ниҳодаш дар соли 2021 гуфт, иқдомҳое бо нияти барҳам задани вазъ дар Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ роҳандозӣ мешаванд.
"Ин дахолатҳо баъди фирори амрикоиҳо ва дигар аъзои НАТО аз Афғонистон бештар хатарноку густохонатар шудаанд", - ҳушдор дод Лавров.
Вай инчунин аз ҳоли хароби Афғонистон гуфт, ки Ғарб онро боқӣ гузошт ва ба зарурати барқарор сохтани ин давлат таъкид намуд.
Ин дар ҳолест, ахиран дар Қазоқистон нооромиҳое сурат гирифтанд, ки даҳҳо кушта дар миёни низомиён ва аҳолии мулкӣ бар ҷой гузоштанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар ин ҳаводис нерӯҳои террористии таълимдида ва воридшуда аз хориҷ даст доштанд.
Лавров дар бораи интизориҳо аз Ғарб ва иқдоми Маскав дар сурати радди пешниҳодҳо гуфт
Ҳамоишҳо аз он оғоз гардиданд, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр расид, эътироз карданд. Масъулини энергетика ин болоравиро ба он рабт доданд, ки нархҳо дар биржаи электронӣ ташаккул меёбанд. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд.
Дар пайи эътирозҳо ҳукумат ба истеъфо фиристода шуда, президент дастур додааст, ки татбиқи нархи газ тариқи биржаи электронӣ то як сол ба таъхир гузошта шавад.