Фирори ронанда аз ҷои садама: ВКД аз ҳолати сеюм дар ду ҳафтаи охир хабар дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боз аз фирори ронанда аз ҷои садама хабар додааст, ки сеюмин ҳолат дар ду ҳафтаи охир мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ронандаи мошини тамғаи номаълумеро ҷустуҷӯ доранд, ки пиёдагарди ҷавонеро дар шаҳри Душанбе зер карда, фирор намудааст.
Ба иттилои ВУД, ҳодиса пеш аз зуҳри дуюми январ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух додааст.
Ронандаи номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҷавонмарди 20-сола, сокини ноҳияи Рӯдакиро зер кардааст. Пиёдагард дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян кардани тамғаи мошину ронандаи он идома доранд.
Боздошти ронандаи фирории муттаҳам ба марги роҳгузар
Ин сеюмин ҳолати фирори ронанда аз ҷои ҳодиса дар ду ҳафтаи охир мебошад, ки ВУД Тоҷикистон аз он хабар медиҳад.
Қаблан маъмурини милиса ронандаи худрави тамғаи "Муссо", сокини 21-солаи Панҷакентро боздошт намуда буданд, ки ба иддаои мақомот, марди пиёдагард, сокини 55-солаи шаҳри мазкуро зер намуда, фирор кардааст. Тайи ин садама пиёдагард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Инчунин 1 январ, рӯзи таҷлил аз Соли Нав ронандаи "Тойота Каролла", сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе пиёдагарди 74-соларо зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд. Пиёдагарди солхӯрда дар беморхона бистарӣ шуду ронандаи фирорӣ муайян ва дастгир гардид, хабар дода буд ВУД.