Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Бозпурсии вакили қирғиз барои "фурӯши замин" ба Тоҷикистон

Додситонии кулли Қирғизистон як вакили маҳаллиро, ки соли 2009 дар бораи фурӯши замин ба Тоҷикистон протоколи баҳсбарангезе имзо карда буд, бозпурсӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Додситонии кулли Қирғизистон вакил Адахон Мадумаровро дар робита ба фурӯши замин ба Тоҷикистон бозпурсӣ мекунад, хабар медиҳад "Вечерний Бишкек" бо истинод ба дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ин мард расман барои бозпурсӣ ба шуъбаи тафтишотии Додситонии кулл, бахши муваззаф ба таҳқиқи парвандаи минтақаи марзӣ даъват шудааст.
Гуфта мешавад, ҳанӯз сеюми марти соли 2009 Мадумаров ҳангоми фаъолият ба унвони дабири Шӯрои амният бо ҷониби Тоҷикистон протоколеро ғайриқонунӣ имзо кардааст, ки бар асоси он, Душанбе даъвои замини баҳсбарангезро дорад.
Ин вакил ба ҳайси шоҳид дар қазияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бозпурсӣ мешавад.
Боз сарусадо дар бораи Ворух: Кӯктош дар китоби дарсии қирғизӣ аз Тоҷикистон шуд
Қаблан Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ботканд гуфта буд, пас аз интихобот тафтиши фурӯши ғайриқонунии замин дар манотиқи марзии ин минтақаи кишвараш оғоз мешавад.
Ҷабборов изҳор дошт, ки Мадумаров салоҳияти имзои протоколро надошт ва аз ин рӯ он эътибори ҳуқуқӣ надорад.

"Аввал комиссияҳои байниҳукуматӣ барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ кор мекунанд, баъд созишнома ба раисҷумҳур меравад ва баъдан барои тасвиб ба Жогорку Кенеш фиристода мешавад", — шарҳ дод Ҷабборов.

Раисҷумҳур ҳамчунин афзуд, ки "ҳеҷ сохтор ё шахси дигар" салоҳияти имзои чунин санадро надорад.
Ислоҳи харитаи ГЖК: “Ворух анклав нест”
Ёдовар мешавем, баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд.
Сабаб номуайянии хатти марз дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бор боиси даргирии шаҳрвандони ин ду кишвар шудааст. То имрӯз аз 970 километр ҳамагӣ 504 километри он муайян шудааст. Чандест, ки кишварҳо дар мавриди сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсбарангез ба мувофиқа расида наметавонанд.