Суфуфи садҳо афғонистонӣ пушти дари сафорати Эрон барои дарёфти раводид

Пас аз боз шудани марзҳо садҳо шаҳрванди Афғонистон ба хотири гирифтани раводиди пушти дарси сафорати Эрон саф кашидаанд
Sputnik
Дар пайи боз шудани марзҳои заминӣ ва ҳавоии Эрон бо Афғонистон садҳо шаҳрванди Афғонистон ҳамарӯза барои дарёфти раводиди Эрон дар назди сафорати ин кишвар дар Кобул ҷамъ мешаванд.
Аксари нафароне, ки мехоҳанд раводиди Эронро ба даст биёранд, ҷавононе мебошанд, ки пас аз фурӯпошии низоми пешин дар кишвари худ ба идомаи таҳсил ва кор умед надоранду барои идомаи таҳсил ё кор мехоҳанд ба Эрон раванд.
Дидори толибон бо вазири хориҷаи Эрон - акс
Ёдрас менамоем, ахиран Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагарна шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд.
Мулоқоти Масъуд бо толибон: Муттақӣ ба Аҳмад чӣ пешниҳод кард?
Хадамоти матбуотии созмони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ барои 22 миллион шаҳрванди дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳое, ки берун аз Ватан қарор доранд, масраф мешавад.
Манбаъ меафзояд, 23 миллион нафарро хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.