ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ дар дидор бо Юсуф Раҳмон бар лузуми ҳамкории мунсаҷим миёни дастгоҳҳои додситонии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, иртиқои ҳамкории ду тараф дар парвандаҳои маданӣ, кайфарӣ ва тиҷорӣ аз тариқи мувофиқатномаи ҳамкории қазоии дуҷониба дар заминаи масоили ҳуқуқи башарӣ таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Бинобар иттилои манбаъ, додситони кулли Эрон, ки дар садри ҳайате ба Русия сафар кардааст, дар дидор бо Игор Краснов, додситони кулли Русия низ густариши ҳамкориҳои қазоӣ миёни ду кишварро хостор шудааст.
Ёдрас менамоем, ки додситони кулли Эрон барои ширкат дар маросими бузургдошти сесадумин соли ташкили додситонии Русия ба Маскав сафар кардааст.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.
Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.