ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва шаҳрияи донишҷӯёнро зиёд кард.
Фармони афзоиши маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро 13 январ раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард ва хадамоти матбуотии президенти кишвар матни онро нашр кардааст.
Манбаъ меафзояд, аз якуми январи соли ҷорӣ маоши хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамзамон бо фармони роҳбари давлат аз якуми июли соли равон маоши ҳадди ақалли кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Ҳамзамон маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Тибқи ин фармон, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд шуданд.
Ҳамзамон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон" ва Қонуни кишвар "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" нафақа таъйин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фармон додааст, ки амалишавии фармони мазкурро дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷаи ҷумҳурӣ, буҷаҳои маҳаллӣ ва буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот, маблағҳои захиравии буҷаи давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар се моҳ муҳлат додааст, ки қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд.