Даргирии фармондеҳони толиб дар Панҷшер ва назари Хуросонӣ дар ин хусус - видео

Манобеи мардумӣ аз вилояти Панҷшер мегӯяд, афроди ду фармондеҳи толибон дар дохили сохтмони волии вилоят бо якдигар вуруди даргирии мусаллаҳона шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Манобеи "Амаҷ" хабар додаанд, ки чанде пеш афроде марбут ба фармондеҳи мулкӣ ва туфангдорони марбут ба фармондеҳи пулиси Панҷшер дар дохили сохтмони мақоми вилоят бо ҳам даргир шудаанд ва ҳанӯз ҳам ҳолати омодабош доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, задухӯрд ҳудуди се соат идома ёфт ва талафоте низ дар пай доштааст.
Аммо то кунун шумори дақиқи ҷонбохтагон ва иллати ин даргирӣ мушаххас нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии толибҳо дар Панҷшер дар як изҳороти видеоияш ин даргириро рад кард ва гуфт, вазъ ором аст.
“Алҳамдулиллоҳ, дар байни муҷоҳидини вилояти Панҷшер ва дар байни мардуми ом фазои баробариву бародарӣ таъмин аст. Ҳич гуна ташвише вуҷуд надорад ва ҳич даргирие сурат нагирифтааст”, - гуфт ӯ.
Хурононӣ илова кард, ба тафриқаҳои душманон бовар накунед.
“Ба Шумо итминон медиҳем, ки барои таъмини амнияти мардуми Панҷшер ва мардуми Афғонистон аз ҳар гуна кӯшишу талош дареғ накардаем. Мардум ҳич гуна ташвише надошта бошанд ва мо комилан дар хидмати онҳо ҳастем”, - афзуд Хуросонӣ.