ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе дар ғорати терминали пулгузаронӣ муттаҳам дониста мешавад.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муттаҳам бо истифода аз калид дастгоҳҳои худпардозро боз карда, пул дуздидааст.
Ин ҳодиса охирҳои моҳи январи соли сипаришуда сурат гирифтааст ва ҳоло кормандони ин ниҳод муттаҳам дар ин корро боздошт карданд.
Манбаъ меафзояд, худпардозҳо ба ширкати "Пайванд гурӯҳ" тааллуқ доштанд.
"Номбуда бо роҳи пинҳонӣ терминалҳои пардохтии ширкати "Пайванд гурӯҳ", воқеъ дар кӯчаҳои С. Осиё, С. Носир, М. Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанберо ғорат кард", - омадааст дар хабари вазорат.
Ин ниҳод тавзеҳ надодааст, ки боздоштшуда чӣ гуна калиди терминалҳоро пайдо намудааст, балки меафзояд, маблағи умумии дуздидашуда 240 980 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Ғорат шудани терминалҳои мазкур дар ҳолест, Раёсати умури дохилии Душанбе зимни ҳисоботи солонаи худ эълон карда буд, ки тайи 12 моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нисбат ба як соли пеш 311 адад ё худ 8,03% камтар ҷиноят содир шудааст.
Ин ниҳод аз ҷумла гуфт, дуздӣ 7,24 ва ғоратгарӣ 10,5 дарсад коҳиш ёфтааст.