ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёмаш қайд кардааст, ки иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда - 2"-ро метавон яке аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар арсаи энергетика ва равобити иқтисодии ду кишвар унвон кард.
Инчунин Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта, ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда, муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", нақби "Истиқлол", иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол доштаву доранд.
Вай илова кард, дар 30 соли равобит беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯсту ҳамзабонро таъриф мекунанд ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Вай афзуд, ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархурдоранд.
“Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрибаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд”, - таъкид кардааст сафири Эрон дар Душанбе.